ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқилона истифода бурдани қитъаи замин ва пешгирии бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинони ноҳия мулоқотҳо доир намуда истодаанд.
Дар мулоқот бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуда, гуфта шуд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, гигиенаи шахсию ҷамъиятиро риоя намоянд. Дар баробари ин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.