БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ АСОСИ РОҲИ ПЕШГИРИИ ДИЛХОҲ БЕМОРИИ СИРОЯТӢ МЕБОШАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамарӯза бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад, аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Ҳамзамон, ба сокинони кӯча оид ба истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд дода шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg