БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МО СОКИНОН МЕБОШАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Восеободи хурди Ҷамоат деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо усули «хона ба хона» баҳри пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус (СОVID-19) ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар рафти мулоқот масъулин вобаста ба оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ғалладонагиҳо маслиҳатҳо дода, таъкид карданд, ки анҷоми ин амалҳои созанда ба манфиати ҳар як сокини кишвар буда, дар ғанӣ гаштани буҷети оилавӣ ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg