БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба хотири беҳбудии рӯзгори мардум

ДАНҒАРА.Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  Каримов  Пирмаҳмад ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҷиҳати ба дарки ҷомеа расонидани ташаббусҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  тақвияти робита бо маҳал дар кӯчаи ба номи Нуралӣ Миралии ҷамоати  шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, Каримов  Пирмаҳмад дар назди ҷамъомадагон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба некӯаҳволии сокинони кишвар нигаронида шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон дар ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шахсони бекор дар корҳои хонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз гурӯҳҳои ифротӣ, мубориза алайҳи коррупсия, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ суханронӣ карда, онҳоро  барои  муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва ҷавобан ба ташаббусҳои ғамхоронаи Пешвои миллат ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg