А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои таблиғотиро вобаста ба муқовимат бо коронавирус дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба роҳ монданд.
Дар раванди суҳбату мулоқотҳои судманд, ҳамзамон ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло дастрас гардида, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба сокинон тақсим карда шуд.