ВОКУНИШ. Хиёнаткор ҳеҷ гоҳ назари нек дар муқобили рақиб надошт ва ҳар лаҳза барои расидан ба ҳадафҳои палиду манқуртона пайти муносиб меҷӯяд. Аз ҳама афзалтар, барои расидан ба мақсад пӯшидани либоси дӯст дар тани душман ва огоҳ шудан аз ҳама ҳолатҳои нерӯи зеҳнию ҷисмонии рақиб аз қадимулайём ба ҳукми анъана даромадааст ва барои расидан ба ҳадаф пайваста талқин мешавад.
Дар ин масир баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом таҳти роҳбарии давлатҳои манфиатдор аз рӯи ҳамин усули маъмулӣ дар кишвари мо кору фаъолият намуданд. Бо вуҷуди дар шохаҳои мухталифи сохторҳои давлатӣ тибқи талаботи созишнома ба онҳо додани вазифаҳои калидӣ қисми зиёди онҳо ба ин сиёсату ба ин ҳукумат, ки ба иродаи сиёсии аксари мардуми кишвар созгор аст, аз рӯи бухлу кина хиёнат карданд. Ва, ҳатто вақт собит кард, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ба муқобили барномаву оинномаи ҳизбияш ҳамеша барои расидан ба қудрат ҳатто истифодаи зур ва силоҳро сарфи назар намекунад ва дар ин росто пиёдасозии кудатои номуваффақи соли 2015 бори дигар назди ҷомеаи мадании Тоҷикистон симои аслии худро нишон дод.
Воқеан, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар дилхоҳ кишвар ин аз роҳи осоишта расидан ба қудрат хоҳад буд. Дар ин масир месазад, ки афкори мардум дар муносибат ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ба мадди назар гирифта шавад. Яъне, агар мардум аз барнома ва фаъолияти ҳизби сиёсӣ дастгирӣ кард, роҳи расидан ба фаъолияти сиёсӣ осонтару муваффақтар хоҳад шуд. Дар акси ҳол ба муқобили иродаи сиёсии мардум баромадан фаъолияти дилхоҳ аҳзоб ва ташкилоту анҷуманҳоро зери суол мебарад.
Муттаассифона, бо вуҷуди камрангии фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом, ки замоне дар Тоҷикистон фаъолияти қонунӣ дошт, саркардагони он воқеиятро аз фаъолияти ин ҳизб бузургтар нишон медоданд. Дастгоҳи таблиғотии ин ҳизби ифротӣ ончунон фаъолият мекард, ки ҳангоми ба аъзогӣ гирифтани нафарони нав аз роҳи тақаллубу ифрот ба таври пинҳонӣ қисми муайяни сокинони кишварро аъзои худ муаррифӣ мекарданд. Ин ҷо метавон ёдрас шуд, ки барои ҳисобот додан нисбати «фаъолияти сиёсӣ» дар назди давлатҳои манфиатдор шумораи аъзо нақши калидӣ дошт ва роҳҳои даромадҳои ҳангуфтро ба манфиати саркардаҳояшон ҳамвор мекард.
Умуман бо вуҷуди бахшоиш ва зери султаи иттиҳод сарҷамъ будан тарафдорону ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо назардошти камранг нишон додани фаъолияти сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то замони парда аз рӯи шӯробзадаашон афтидан ҳамеша худро пештози сиёсат ва «ҳоҷатбарор»-и мардум нишон медоданд.
Имрӯзҳо низ ҳазорҳо фарсах роҳ дур дар кишварҳои аврӯпоӣ аз фаъолияти муғризонаю манфуронаашон даст накашидаанд ва ба мағзшӯию авомфиребии мардуми муҳоҷир ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба худсафедкунию бузургманишии худу ҳизби террористиашон машғуланд.
Бинобар ин месазад, ки аз афкори ғаразноку манфиатҷӯёнаи ин гурӯҳи худкома зери роҳбарии М.Кабирӣ, ки дар ҷомаи дарбеҳшудаи ба ном паймони миллӣ ба қавле «сарҷамъ» шудаанд, худу атрофиён, хосатан насли ҷавонро ҳифз кард. Зеро хиёнаткор ҳеҷ гоҳ ба ояндаи рақиб назари нек надорад ва барои расидан ба мақсад аз тамоми роҳу усулҳои маъмулию ғайримаъмулӣ истифода мебарад. Аз хиёнаткор амнияту субот интизор шудан ба гунаи аз само ситора интизор будан ҳаст.
Ба қадри ин сарзамину Ватан расидан ва содиқона барои пешрафти он кору фаъолият доштан беҳтарин рисолат аст, ки ҳар як сокини ин марзу бум бояд сари ин масъала андешаи солим дошта бошад.
Назарзода Т., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин