БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВСИЯҲО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ш.ШОҲИН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани коргузориву ҳуҷҷатдории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташриф оварда бо вазъи фаъолият ва ҳуҷҷатгузориҳо аз наздик шинос шуданд.

Чунин  корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Бойторӣ» ба амал омада, масъулин зимни шиносоӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз раванди ҳуҷҷатнигории ташкилоти ҳизбӣ бо маќсади муайян намудани низоми дурусти  баќайдгирии аъзои ҲХДТ, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ ба шахсони масъул  маслиҳатҳои судманд  дода, таъкид карданд, ки ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро  дар ин давраи  мураккаби зиндагӣ  дар амал татбиқ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg