Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон» аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба риояи гигиенаи шахсӣ аз пандемияи коронавирус ва муайян намудани низоми дурусти аз нав бақайдгирии аъзои ҲХДТ баҳри баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ суҳбат баргузор карда шуд.
Масъулини ҳизбӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва аз нав бақайдгирии аъзои ташкилоти ҳизбӣ ба мутасаддиён маслиҳатҳои муфид доданд.