БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО МАҚСАДИ ПЕШГИРИИ “COVID-19”

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо кормандони масъули шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ ва муқовимат бо пандемияи “Covid - 19” дар хиёбони марказӣ ва бозорҳои ноҳия ба роҳ монданд.

Дар рафти чорабинӣ ба фурӯшандаҳо ва харидорони бозор фаҳмонида шуд, ки ҳатман ниқобҳои тиббӣ пӯшанд, бо дастфишорӣ салом накунанд, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд, мунтазам аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд ва дигар корҳои безарраргардониро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ истифода баранд. Зеро ин, марҳилаи нави сироятёбии пандемияи “Covid - 19” мамолики ҷаҳон ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст. Ягона роҳу воситаи пешгирии ин вабои аср риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ буда, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланди шахсиро талаб дорад.

Бо назардошти ин, намояндагон ба мардум суҳбатҳо гузаронида, барои пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус дастуру маслиҳатҳо ва тавсияҳои мушаххас доданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg