ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи дастуру супоришҳои сохтори болоии ҲХДТ дар деҳаи Сайдалӣ Вализода бо усули “хона ба хона” вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.
Дар раванди гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун маълум мегардад, ки сокинони деҳаи болозикр заминро манбаи асосии даромади оилаи худ дониста, онро самараноку мақсаднок истифода бурда, ба ғундоштани ҳосили кишткардаи худ, аз он ҷумла ҷуворимаккаи дон машғул буданд.
Гузашта аз ин бо хонандагони нашрияҳои ҳизбӣ суҳбатҳои рӯ ба рӯ гузаронида шуда, аз ҷониби масъулин атрофи ин ва дигар масъалаҳо баромадҳои муфассал ва маслиҳатҳои муфид дода шуд. Дар фарҷоми вохӯриҳо ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсимот гардид.