БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бегонапарастӣ ба сари миллатҳо бадбахтӣ овардааст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ороиши шаҳр» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил вохӯрӣ доир гардида, дар он  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон баррасӣ гардид.

Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар шаҳру маҳалҳо баҳри таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар самти ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати фароҳам сохтани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ,  гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар рӯзҳои шанбе баҳри обод гардидани шаҳру маҳали худ гузаронида мешавад, ки  ин ҳам бошад, боиси ободу сарсабз ва хуррам гаштани як гӯшаи диёрамон аст.

Сипас, дар идома мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Ҳакимова Волида ба сухан баромада, оид ба тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон ҳарф зада, афзуд, ки либос нишоне аз тариху фарҳанги қадимаи ҳар як халқияту миллат аст. Нигаҳдории либоси миллӣ ва аз насл ба насл ба мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони соҳибхирад мебошад. Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодонамон то ба имрӯз омада расидааст ва дар тӯли қарнҳо ӯ шаклашро дигар намуда бошад ҳам, шинамию зебандагиашро гум накардааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg