БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суботу оромии Ватан мароми мост!

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин ва сармуҳосиби Кумитаи  иҷроия Муродов Раҷабалӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Масъулин зимни суханронӣ қайд карданд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба мардуми шарафманди тоҷик  руҳу илҳоми тоза бахшида, дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд гаштани рӯзгори сокинон саҳми арзанда гузошта истодааст.

Инчунин, дар вохӯрӣ  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба он, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии он, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва ҷалби онҳо ба хизмати Ватан, дар доираи  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани тӯйю маъракаҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳарф зада, аз ҷамъомадагон баҳри иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб дар пешрафту ободии Ватан даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg