ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳангоми боздид аз заминҳои наздиҳавлигии бештар аз 64 нафар сокинони деҳаи Доробии болои Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дидан намуда, бо натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули онҳо, ки дар ҳотаашон тамоми номгӯи маҳсулотҳоро кишт намуда, имрӯзҳо ҷиҳати рӯёнидани ҳосили дилхоҳ пурмаҳсул меҳнат менамояд, баҳои баланд доданд.
Аз мушоҳидаҳои ҳаррӯза бармеояд, ки сокинони диёр заминро манбаи асосии даромади худ медонанд ва аз он самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд. Махсусан, аз заминҳои наздиҳавлигии худ тавассути меҳнати ҳалол даромади калон ба даст меоранд. Имрӯз дида мешавад, ки мардум барои хариди бисёр номгӯи маҳсулотҳо ба бозор намераванд. Талаботи худро аз замини наздиҳавлигии худ қонеъ мегардонанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамарӯза аз ҳолати кор дар заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз ин заминҳо ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар суҳбати доирнамуда дар деҳаи Доробии боло зиёда аз 76 нафар соҳибхонаҳо иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати истифодаи самараноки замин маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.