БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲАТ БЕ МЕҲНАТ НАМЕШАВАД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ин гуфтаҳоро дар фаъолияти  меҳнатии сокинони  маҳаллаи  Сохтмончиён, ки дар замини наздиҳавлигиашон тамоми маҳсулотро кишт намуда, ҳоло аз самараи меҳнати худ истифода менамояд, мушоҳида намуданд. Соҳибхонаҳо аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурдаанд. 

Дар баъзе заминҳои наздиҳавлигӣ соҳибхонаҳо ба кишти такрорӣ оғоз кардаанд. Ҳангоми суҳбат  заминистифодабарандагон  қайд намуданд, ки меҳнат дар замин барои саломатии кас фоидаовар аст. Ҳар пагоҳ назорати ҳолати сабзиши маҳсулотҳо ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Дигар ин, ки агар дар замин меҳнати ҳалол намоӣ, албатта роҳаташро мебинӣ.  Алакай  мо аз маҳсули меҳнати худ истифода намуда, маблағи  сарфамешударо барои иҷрои дигар талаботҳои рӯзгор сарф менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg