ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тозагии муҳити атроф аз масъалаест, ки ҳамеша дар маркази диққати ҳизбиёни шаҳри Левакант қарор дорад. Дирӯз субҳгоҳон кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба ҳашар баромада, роҳҳои ҳамшафати шоҳроҳи Бохтар-Левакантро аз хасрӯбаву партофҳо тоза ва гулу дарахтонро шодоб намуданд.
Чунин тадбирҳо бо мақсади истиқболи шоиста аз ҷашнҳои муҳими давлатию таърихӣ амалӣ гардида, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.