ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаитҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳ-2” идома дода, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ ва инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо тавсия доданд, ки ба нофаҳмию воҳима роҳ надиҳанд. Зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳои “хона ба хона”, ҳамзамон ташвиқ намудани ҷавонони синни даъватӣ барои ихтиёран ҷалб гардидан ба хизмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Зимни вохӯриҳо ба сокинон муроҷиатномаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуда, ба онҳо аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.