ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя кардани масофаи ҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “60-солагии Панҷ” вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ қайд намуданд, ки хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба шумор меравад. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар ва ватандӯст хеле афзуда истодааст. Ҷавони мо низ ҳамчун ватандорони боҷасорат ва худогоҳ ба хубӣ эҳсос бояд намоянд, ки мамлакатамонро маҳз бояд мо ҷавонони далеру шуҷоъ муҳофизат кунем. Аз ин хотир, меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан - Модар онҳоро ҳушдор месозад, ки худ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шаванд ва хизмат намоянд.
Дар охир ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуда, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар ин самт идома дорад.