БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАМОНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Кормандони    Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  риояи  қоидаҳои  санитарию  гигиенӣ  ва  пешгирӣ  аз  бемории  сироятии  коронавирус  ин навбат дар деҳаи  Муъминободи  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  корҳои  фаҳмондадиҳиро  миёни  мардум дар  доираи  Аксияи ҳизбӣ  бо  усули «хона  ба  хона”  доир  намуда, таъкид  карданд, ки  ҳар  яки  мо   бояд  худамон  ва  наздиконамонро ҳифз  намоем. Барои огоҳ  будан  аз   пешгирии   коронавирус ба    онҳо варақаҳои  иттилоотӣ    ва    ниқобҳои муҳофизатиро  дастрас  намуданд.

Дар идомаи суҳбат сокинонро хотиррасон  карданд, ки роҳи  асосии  пешгирии  коронавирус риояи  қатъии  гигиенаи  шахсӣ, худдорӣ  намудан аз  баргузориҳои оммавӣ    мебошад.

Ҳамчунин, ёдовар  шуданд, ки ашёҳои  зуд-зуд  истифодашавандаро  безарар  гардонанд ва ҳангоми аз хона баромадан аз  ниқобҳои  муҳофизатӣ  истифода  баранд. Дар  баргузории вохӯрӣ беш  аз 180 адад  варақаҳои  иттилоотӣ ва 130 дона ниқобҳои тиббӣ  ба  сокинони  деҳа  тақсим  намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg