БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БО МАВОДҲОИ АНТИСЕПТИКӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо 40 нафар истиқоматкунандагони деҳаи Деҳлолои Ҷамоати шаҳраки ба номи Нуралишо Назаров оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён ба миқдори 35 дона ниқобҳои тиббӣ, 40  адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуданд.

Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Раҷабова Гулсунбӣ ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод Шаҳло Ҳасанзода иштирок намуда, вобаста ба пешгирии сироятёбии бемории короновирус ва инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, ба ҳамагон барои татбиқи амалҳои созанда тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg