БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲИ ВАКИЛ БА ШАРОИТИ КОРИИ ТАБИБОН

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант ва ҳамзамон муовини раиси шаҳр Зуҳро Иброҳимзода дар ҷараёни як боздиди худ бо фаъолияти ҳамаи шуъбаҳои беморхонаи марказии шаҳр ошно гардида, ҳамчунин ҳамшираҳои шавқати беморхонаро, ки бо нишонаҳои бемории сироятии коронавирус дар хонаҳояшон табобат гирифта истодаанд, аёдат намуд.

Зуҳро Иброҳимзода махсусан ба шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз беморону кормандони шуъба шароити табобатро пурсон гардида, ба табибону ҳамшираҳои шавқат  барои  боз ҳам хуб ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба беморон як қатор маслиҳатҳои судманд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg