КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади огоҳонидани мардум аз пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаи ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ гузаронида, ба аҳолӣ ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карданд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми ба берун баромадан қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар роҳи пешгирии ин беморӣ саҳми худро гузоранд.