ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Бекназаров Муҳриддин дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар якҷоягӣ бо омӯзгорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 синфхонаҳо рангубор ва таъмири капиталӣ карда шуда, барои соли нави хониш омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Инчунин баҳри шукуфоии як гӯшаи диёр дар гирду атрофи бинои муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии ин марди саховатманду ватандӯст Бекназаров Муҳриддин дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд, ки ин корҳои созандагӣ ба ҳусни боргоҳи маърифат ҳусни дигарро зам намуд.