ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, COVID-19 бо усули “хона ба хона” идома дода, ба шаҳрвандон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани макони зист, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, бо даст салом накардан ва безарурат набаромадан аз хонаро фаҳмонида, аз сокинон хоҳиш намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, саломатии хешро нигоҳ доранд.