БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ МУҲОФИЗАТ НАМО!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф,  узви фаъоли ҲХДТ, муовини якуми раиси ноҳия Зоирзода Маърифат ва дигар шахсони масъул дар бозори марказии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ бо харидорон ва фурӯшандагон оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ   доштани муҳити атроф, риояи фосилавии муошират, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ ва бе зарурат ба кӯча набаромадан таъкидҳо карда шуд. Зимни суҳбат  ба фурӯшандагон ва харидорон ҳушдор дода шуд, ки ҳоло ҳам хатари бемории сироятии коронавирус ба охир нарасидааст ва аз ин рӯ мебояд, ки ҳар яки мо қоидаҳои санитарӣ -гигиениро ҳатман риоя намуда,  бо ин васила худ ва наздиконамонро  аз ҳар гуна бемориҳо эҳтиёт   намоем.

Дар охир ба ҳамагон маводҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg