А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар деҳаи Ҷомии Ҷамоати деҳоти Якатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз рафти корҳои кишоварзии сокинон шиносоӣ пайдо карда, бо усули “хона ба хона” мулоқотҳо доир намуданд.
Дар рафти суҳбатҳо бо сокинон оид ба истифодаи самараноки замин, сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ ва мусоидати мардум дар таъмини амнияти озуқавории кишвар андешаронӣ карда, ҳамагонро барои риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва истифодаи доимии маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар маводҳои безарраргардонӣ тавсияҳои мушаххас доданд.
Дар раванди вохӯриҳо масъулин ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотии дорои расму аломатҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятиро тақсим карданд.