БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ободонии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи обёрии мошинӣ” оид ба баррасии нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва аз ҳисоби шахсони бонуфуз афзоиш додани сафи ҳизб  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин дар назди иштирокдорон  оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” камхарҷ баргузор кардани тӯю маъракаҳо, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон сухаронӣ намуданд.

Дар охир масъулин ба иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва ба дарки мардум расонидани самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg