БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАДБИРҲО БАҲРИ ДАСТГИРИИ БОНУВОНИ НИЁЗМАНД

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пайваста баҳри дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа, махсусан бонувон корҳои амалиро ба сомон мерасонад.

Пайи ин тадбир ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Рӯзи маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикиистон, ба як гурӯҳ бонувони имконияташон маҳдуди (маъюби) деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон, ки дар коргоҳи хурди дӯзандагӣ зери сарпарастии Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар ноҳияи Хуросон фаъолият менамоянд, 2 адад мошинаи  либосдӯзии  барқӣ тақдим карда шуд. Дар ин коргоҳи навтаъсис 10 нафар бонувону духтарони маҳал, ки қисмати бештарашон бонувони имконияташон маҳдуд мебошанд, бо мошинаи  либосдӯзии шахсӣ фаъолияташонро пеш мебурданд.

Бо соҳиб гардидани  2 адад мошинаҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир, шароити мусоид барои бо ҷойи кор таъмин гардидани боз 4 нафар бонувони маҳаллӣ фароҳам оварда шуд.

Намояндагони  Кумитаи иҷроияи  вилоятии ҲХДТ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон  Беҳрӯз Бобоев ва мудири шуъбаи кор бо занон  Раҷабзода Қурбонгул қайд намуданд, ки ҲХДТ -ҳизби мардумист ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ чунин амалҳои хайру эҳсонкорӣ  ба роҳ монда мешаванд.

Аз ин амали хайр бонувон ва маъмурияти ташкилоти болозикр миннатдорӣ баён намуда, ба роҳбарият ва коллективи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Сипоснома тақдим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg