БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРАКАТИ ЗАМИН АЗ ЗАҲМАТИ ДЕҲҚОНИ АСИЛ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав оид ба  роҳҳои  пешгирикунандаи  бемории  сироятии  коронавирус,  истифодаи  самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ,  заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, истифодаи  ниқобҳои  тиббӣ     бо сокинони  деҳаи  20-солагии  Истиқлолияти  Ҷамоати  деҳоти   Фирӯза баргузор  намуданд.

Масъулин ба сокинон   роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирусро  бо  усули  «хона  ба хона»  фаҳмонида,  таъкид  намуданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро варақаҳои  тавсиявии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд.

Бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безараргардонии маҳлули хлор ва 112  дона ниқобҳои тиббӣ  дастраси  сокинон  карда шуданд. Инчунин, вобаста ба оқилона истифода бурдани замин  аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ  андешаронӣ карда шуда,  даъват ба амал оварда шуд, ки  файзу баракати замин аз заҳмати шабонарӯзии марди деҳқон вобастагии калон дорад. Ба ин хотир набояд  мо ҳамчун шаҳрвандони асил  ин масъалаи муҳимро нодида бигирем, баръакс  бо амалҳои созанда, бо истифодаи самараноки обу замин  зиндагии хешро бо маводи хӯрока дар давраи зимистон  таъмин созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg