БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС РИОЯИ ҚАТЪИИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  риояи  қоидаҳои  санитарию  гигиенӣ  ва  пешгирӣ  аз  бемории  сирояти  коронавирус  дар  деҳаи Олтинсойи Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  ноҳия корҳои  фаҳмондадиҳиро  миёни  мардум  ба  роҳ  монда, ба  онҳо варақаҳо   ва    ниқобҳои  муҳофизатиро   тақсим  намуданд.

Зимни  вохӯрӣ  ҷиҳати  пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус  аҳолиро  хотиррасон  намуданд, ки роҳи  асосии  пешгирии  коронавирус риояи  қатъии  гигиенаи шахсӣ мебошад. Ҳамчунин, ёдовар  шуданд, ки ашёҳои  зуд-зуд  истифодашавандаро  безарар гардонида,  ҳавои хонаро   пайваста тоза намоянд. Дар  баргузории вохӯрӣ беш  аз 190 адад варақаҳои  иттилоотӣ ва 128  ниқобҳои тиббӣ ба  сокинон  дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg