ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба сокинони кӯчаи ба номи Бобоюнуси Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” суҳбат намуданд. Дар суҳбат талаботҳои беҳдоштӣ ва роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ беҳуда дар ҷойҳои серодам сайру гашт накардан, ҳангоми суҳбат фосиларо нигоҳ доштан, дар кӯча, ҷойи кор истифодаи ниқоб ва дигарҳо фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки ҳама новобаста аз он ки солим аст, бояд ин талаботҳои беҳдошти шахсиро қатъӣ риоя намоянд. Зеро хунукназарӣ боиси сироятёбии дигарон шуданаш мумкин аст.
Дар суҳбатҳои доирнамуда 87 нафар сарварони оилаҳо иштирок намуда, дар бораи ҳифзи саломатӣ худ ва аҳли оилаи худ маълумот пайдо намуданд.