ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади ба мардум фаҳмонида додани роҳҳои пешгирии коронавирус дар кӯчаи ба номи Миршоев бо усули “хона ба хона” ба бештар аз 93 нафар сокинони хонаҳои истиқоматӣ дар бораи коронавирус ҳамчун бемории хатарноки сироятӣ, роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он, вазифаи асосии ҳар як шахс дар мубориза ҷиҳати аз байн бурдани он суҳбат намуданд.
Дар суҳбатҳои доирнамуда таъкид карда шуд, ки ин беморӣ хеле хавфнок буда, беэҳтиётӣ нисбати талаботҳои гигиенаи шахсӣ боиси ҳодисаҳои нохуш шуданаш мумкин аст. Инчунин, ба ҳозирин фаҳмонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд.