БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ НАТИҶАИ МЕҲНАТИ ХУД ҚАНОАТМАНДАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Сокинони деҳаи Даҳани шоли Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо имрӯзҳо барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар заминҳои дар ихтиёрдоштаи худ пурмаҳсул меҳнат менамоянд.  Аъзои  гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  бо татбиқи Аксияи таблиғотии “хона бо хона” дар деҳа ҷиҳати  истифодаи самараноки замин суҳбат доир намуда, ба иштирокдорон   барои рӯёнидани ҳосили баланд, аз як замин ба даст овардани чанд ҳосил, аз ҳисоби маҳсулотҳои худӣ захираи маҳсулот барои зимистон  маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳамчунин, дар суҳбатҳои доирнамуда талаботи гигиенаи шахсӣ  ҷиҳати   пешгирӣ аз  бемории коронавирус фаҳмонида шуд.Дар  суҳбатҳо, ки бештар аз 76 нафар сокинон ҳозир буданд,  ба онҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин  расонида шуд.

Таблиғотчиён он рӯз ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигии бошандагонро аз назар гузаронида, ба меҳнати аҳлонаи соҳибхонаҳо баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg