БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ БЕБАҲОСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Яккасадаи Ҷамоати деҳоти Бобоюнус оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз  дошт, ки барои пешгирии бемории сироятии COVID – 19 бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода карда, зуд – зуд дастонро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза кунем. Ҳамзамон, мавсуф дар бораи ҷалби сокинон оид ба корҳои зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқ  замин,  инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   суханронӣ карда, таъкид дошт, ки татбиқи ҳадафҳои созанда ба манфиати ҳар як шаҳрванд мебошад. Аз ин лиҳоз мо бояд  ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода бурда, зиндагии худамонро бо маводи ғизоӣ таъмин созем.  

Дар  анҷом  ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ ва варақаҳои иттилоотӣ  дар бораи масъалаҳои болозикр  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg