БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи ба номи Нусратулло Махсуми шаҳр, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истиқоматкунандагон доир гардид.

Масъулин дар  суҳбатҳо оид ба чи гуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи оилавӣ, худ ва дигаронро хифз намудан аз бемории сироятии коронавирус тавсияҳо дода, аз падару модарон даъват ба амал оварданд, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гардад. Инчунин, сокинонро барои захираи  маҳсулоти ғизоӣ ва дар заминҳои наздиҳавлигӣ машғул шуданро  таъкид намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирусро дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg