ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Зуҳро Иброҳимзода ва Фароғат Назарова бо сокинони деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ доир намуда, бо онҳо вобаста ба мавзӯъҳои муҳими рӯз суҳбат намуданд.
Риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъҳои истиқоматӣ, ободониву бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрока аз масъалаҳое буданд, ки зимни суҳбат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар суҳбат қайд гардид, ки маҳз риоя нагардидани гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва қоидаҳои умумии санитарию беҳдоштӣ боиси паҳн гардидани бемориҳои гуногуни сироятӣ мегардад. Аз ин рӯ бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад.