ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии « Навӯз» ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи "COVID-19" дар маҳалла ва кӯчаву роҳравҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда шуда, намояндагони ҳизби ноҳия дар суҳбати худ оид ба риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдоштӣ, алалхусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, бе зарурат набаромадан аз хонаро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас доданд, ки ба таҳлука наафтода ба зиндагии ҳаррӯзаашон бо риояи қоидаҳои санитарӣ идома диҳанд.