МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал”-и Раҷабов Раҷабалӣ кормандони хоҷагӣ ва истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Муъминобод дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” пулӣ замонавӣ сохта шуда, дар сохтмону таъмири он саҳми аъзои ҳизб назаррас арзёбӣ мегардад.
Ташкилоти хизбӣ зиёда аз 33 нафар аъзои худро дар сафҳои худ муттаҳид намуда, баҳри ободу зебо намудани муҳити зист ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.