МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо 27 нафар истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён аз ҷониби шахсони масъул ба миқдори 25 дона ниқобҳои тиббӣ ва 27 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас намуданд.
Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҷабова Гулсунбӣ, муовини раиси ноҳия Шарифзода Лутфия, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Муъминобод” Мирзошарифзода Сабоҳат иштирок дошта, вобаста ба пешгирии сироятёбии бемории коронавирус ва инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, сокинонро таъкид намуданд, ки набояд дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода бурда, бо ба роҳ мондани кишти такрорӣ ҳосили фаровон ба даст биёрем.