ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Саёҳат дар доираи Амалиёти (аксияи) сайёҳию омӯзишӣ таҳти унвони “Сайри Ватан мекунем!” сурат гирифта, вакилони шаҳр ҳангоми саёҳат аз китобхонаи миллии Тоҷикистон, осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуда, бо фарҳанги пурғановати миллатамон аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.
Ҳар як иштирокчии ин саёҳат аз тамошои ҷойҳои таърихию фарҳангии Ватани биҳиштосоямон ба худ таассуроти нек бардошта, бо шукргузории бепоён аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.