БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ БО ДОРУҲОИ ЗИДДИВИРУСӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб шурӯъ аз пайдоиши бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбиён ба оилаҳои камбизоати шаҳри Кӯлоб кумакҳои иҷтимоӣ расонида мешавад.

Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ  бо Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб дар маҳаллаҳои  ба номи Шамсиддин  Шоҳин, Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи  Шерозӣ ва С. Сангов  ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа  маводи доруворӣ барои пешгирии бемориҳои диабети қанд, фишорбаландӣ ва дигар маҳлулҳои зидди коронавирус дастрас карда шуданд.  Аз ин иқдоми ватандӯстона сокинон руҳбаланд  гардида, минатдории хешро ба Ҳукумати мамлакат ва шахсони саховатпеша ҷиҳати дастгирии ин қишри ҷомеа баён намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин  Аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 буда, аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 400 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас  карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки  зимни баргузории чорабинии мазкур  шаҳрвандон хотиррасон  карда шуданд, ки хушбахтона, дар Тоҷикистон сирояти коронавирус  коҳиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳалли худ риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg