БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚВИЯТИ БЕШТАРИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) кормандони масъули Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноҳияи Қубодиён  ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводхои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” тақсим намуданд. Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ҷумаев Алиҷон атрофи  роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  ва нишонаҳои пайдоиши он  маълумот дода, таъкид кард, ки  дар натиҷаи пайдо шудани ин беморӣ дар одам набояд ба худмуолиҷакунӣ роҳ дод, балки ба табибони минтақавӣ муроҷиат карда, аз тавсияҳои  онҳо истифода баранд.  Инчунин, дар баробари тарғиби бемории коронавирус истифодаи самараноки  замин ба дарки ҳамагон расонида шуда, таъкид  карда шуд, ки  баъди ба  даст овардани ҳосили якуми зироати кишоварзӣ ҳатман кишти такрориро ба роҳ монанд, то ин ки зиндагии худ ва дигаронро бо маҳсулоти  тару тоза таъмин созанд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg