БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ СИРОЯТЁБИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

Мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тоиров Хуршед ба сокинон варақаҳои таблиғотиро тақсим карда, ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудан аз пешгирии бемории сироятии коронавирус даъват ба амал овард, ки дар ин давраи мураккаби зиндагӣ ҳама бояд ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, риояи гигиенаи шахсӣ риоя кунанд ва заминҳои дар ихтирёдоштаро самаранок истифода баранд, то ин ки худ ва наздиконро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд ва оила худу дигарон бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg