БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ДАРКИ СОКИНОН РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС РАСОНИДА ШУД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи А.Мирзоеви  Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар чорабинии мазкур масъулин бо сокинон атрофи масъалаи дар боло зикршуда суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мунтазам дастони худро бо маҳлулҳои антисептикии спиртдор тамиз намоянд, ё бо собун ва об шустушӯ кунанд.

Дар охир бошад, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия тақсимот карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg