ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 7, табиб ва ҷарроҳи соҳибтаҷриба Фирдавс Мирзоалиевро дар ноҳия ва берун аз он мешиносанд. Ӯ хуб медонад, ки забони ширин, муомилаи хуб ба бемор аз дорую дармон дида бештар шифо мебахшад. Аз ин рӯ, бо ҳамаи корафтодагон бо лафзи ширину муомилаи хуб муносибат менамояд. Ба маризон аз оилаҳои низманд бошад, ғамхориҳои худро дареғ намедорад. Ҳамин аст, ки сокинони диёр ӯро дӯст медоранд, ҳангоми беморӣ бештари вақт ба ӯ муроҷиат менамоянд.
Фирдавс Мирзоалиев ҷавони хоксор ва дидадарост. Ба ӯ дар ҳама ҷо, дар кӯча, дар хона дар ҳар куҷое рост ояд оид ба ташхису табобати беморӣ суҳбат кардан мумкин аст. Дар баробари он ки ташхиси беморонро аз оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон мегузаронад, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дигар корҳои неку савоб даст мезанад. Ӯ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирс ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зиёда аз 10 000 ниқоби тиббӣ ва 300 дона маводи антисептикӣ дастрас намуд, ки кормандони ҳизбӣ ҳангоми баргузории Аксияи ҳизбии “хона ба хона” ба сокинони шаҳраки Ховалинг ва деҳоти ноҳия дастрас намуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои чунин иқдомҳои пайваста ва шоиста ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Фирдавс Мирзоалиев изҳори миннатдорӣ намуда, боварӣ изҳори менамояд, ки дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳам дар пайравӣ ба чунин амалҳои хайрхоҳона ба корҳои неку савоб даст мезананд.