БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

Сулҳу вахдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш  мардуми барнодилам.

АНДЕША. Сулҳу ваҳдат калимаҳое ҳастанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва шево ба гӯш мерасанд. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан ва ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи  даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи Тоҷикистон мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор сохт. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии Тоҷикистон мавриди омӯзиши бисёр халқу кишвар ва ташкилотҳои олам гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишвар устувор мегардад. Танҳо ба василаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ  меорад ва кишвар дар ҳоли рушд қарор мегирад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои   миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар  касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле  як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи  он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо  меваҳои  ширини фаровон ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо-тоҷикон фахр месозем. Дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ иншооти зиёди коммуникатсионӣ бунёд гашта, муносибатҳои дӯстона ва рафтуомади мустақим бо кишварҳои дуру наздик таъмин гардид.  Аз ҷумла, дар доираи ин раванд арзишҳои миллии халқамон боз ҳам бештар муаррифӣ гашт.    

Дарвоқеъ,  Вахдати  миллӣ  шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳамаҷониба пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  миллати  парешонгашта  сарҷамъ омад, мамлакат  обод  шуд, пеш рафт, гул-гул  шукуфт ва имрӯз  дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷикистонӣ нишоту хурсандист.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат аз сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям: Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст. Зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Хосият  Миралиева,  мушовири  КИ ҲХДТ дар  вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg