БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЁҲАТИ ВАКИЛОН БО ИФТИХОРМАНДӢ ВА ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади шиносоӣ, омӯзиш ва саёҳати манзараҳои зебо,  ҷойҳои таърихию фарҳангии диёрамон тибқи тақвим рӯзҳои 18-19 июли соли равон бо роҳбарии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ 25 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбар ва аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва вакилони Ҷамоатҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба восита ва роҳбаладии Ширкати сайёҳии ҶДММ “Бунёд - Тур” ба сайёҳати шаҳри Душанбе ва манзараҳои зебои ноҳияи Варзоб рафтанд.

Сайёҳат дар доираи Амалиёти (аксияи) сайёҳию омӯзишӣ таҳти унвони “Сайри Ватан мекунем!” сурат гирифта, вакилон  ҳангоми сайёҳат аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуда, бо фарҳанги пурғановати миллатамон аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Инчунин, ба сайри диёри зебоманзари Варзоб рафта, дар осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” истироҳату фароғат ва табобат гирифтанд.

Вакилон бо қаноатмандӣ ва пуштибонӣ аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар самти ташкил намудани сайёҳату фароғати вакилону фаъолони ҳизб аз ин саёҳати дурӯза самаранок бархурдор шуданд ва таҷрибаи хуб низ гирифтанд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg