БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо сокинон доир ба пешгирии бемории сироятии "COVID-19",  тозаву озода нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Мо ҷавонон ба Ватан содиқона хизмат мекунем!" доир гардид.

Масъулин дар рафти чорабинӣ  оид ба бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, сокинонро таъкид карданд, ки хуруҷи ин беморӣ ба пандемия табдил ёфта, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ақидаву андешаҳои гуногун баён шуда истодаанд.  Бархе одамон ин вазъро як амри табииву тасодуфӣ, бархеи дигар бозии абарқудратҳо барои зарба ба иқтисодиёти ҳамдигар, иддае ҷанги биологӣ ва ҳатто нафароне онро як тадбир ҷиҳати коҳиш додани шумораи инсонҳо дар сайёра унвон мекунанд. Аммо ин гуфтумону тахминзаниҳои мухталиф баъзе чизҳоро дар робита ба коронавирус тағйир намедиҳанд. Аз ҷумла, ин бемории сироятӣ аст ва дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва фосилагирӣ байни ҳамдигар эҳтимоли гирифтор шудан меафзояд.

Инчунин,  дар рафти чорабинӣ аз ҷониби волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бошад ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии бемории сироятии "COVID-19" тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg