БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- РАҲНАМОИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти  ибтидоии  «Нафақа» -и ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  иштироки  раиси  ташкилоти  ибтидоии    мазкур   хониши  сиёсӣ  дар шакли семенар - машваратии  омӯзишӣ оид  ба  вазъи  сиёсии  ҷомеа  ва  рафти  пешгирии  паҳншавии  бемории  сироятии  коронавирус  баргузор  гардид.

Мудири шуъбаи  таблиғот,  иттилот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Муродов  Раҳмон қайд  намуд, ки  имрӯзҳо  ҷаҳони  муосир  дар  баробари  терроризму  экстремизм, ҳачунин  хуруҷ  ва   паҳншавии  бемории  сироятии  «КОВИД-19»  ба  ташвиш  овардааст.  Аз ин хотир ҳар  як  аъзои  ҳизб, хусусан  раисони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  барои  пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа корҳои  фаҳмондадиҳиро миёни сокинон  вусъат  бахшида,   дар раванди  корҳои  ободонию  бунёдкорӣ  саҳмгузор  бошанд.

Ҳамчунин  бо  ҷалби  соҳибкорон, раисони  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  шахсони  саховатпеша  ҷиҳати  дастрас  ва тақсим  намудани  маводҳои  антисептикӣ  ва  ниқобҳои тиббӣ тадбирҳои  зарурӣ   андешиданд.  Маҳз   дар  ҳамин  рӯзҳо ҷомеа  ба нерӯи  ояндасоз- ҷавонон  ниёз  дорад.

Дар охир ба  саволу  дархостҳои   иштирокчиён ҷавобҳои  мушаххас гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg