
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Фирӯза корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум ба роҳ монда, ба онҳо варақаҳо ва маводҳои муҳофизатиро тақсим намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус аҳолиро хотиррасон намуданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намоянд, ашёҳои зуд-зуд истифодашавандаро безарар гардонанд, дастонро бо собун шуянд ва аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд. Роҳи асосии пешгирии корнавирус, дастони тозаи ҳар як фард мебошад.
Дар баргузории вохӯрӣ беш аз 240 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 210 ниқобҳои тиббӣ ба сокинон тақсим карданд.