БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо усули  “хона ба хона”  барои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии бемории коронавирус бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон дар деҳаи  Чашма  вохурӣ гузаронида шуд.  

Дар рафти вохӯрӣ ба аҳолӣ  муроҷиатномаи ҳизбӣ ва тавсияномаҳо  тақсимот карда шуда, аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки  ҳангоми  баромадан  ба кӯча ва иштирок дар ҷойҳои  ҷамъиятӣ дар ин давра  пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ мебошад ва қоидаҳои  беҳдоштиро низ дар хонадон таъмин намуда, барои ҳифзи солимии худ ва дигарон  талош варзем. Сипас, дар бораи  кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла  кишти такрорӣ суҳбат карда шуда, сокинон барои  саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ раҳнамоӣ гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg